Бритониё аввал шуда воксинаи зидди COVID-19-и ширкатҳои Pfizer-BioNTech-ро иҷоза дод
Рӯзи 2 декабр Бритониё аввалин кишвар дар ҷаҳон шуд, ки истифодаи воксинаи зидди COVID-19-ро, ки аз ҷониби ширкатҳои амрикоиву олмонии Pfizer ва BioNTech таҳия шудааст, иҷоза медиҳад. Эмкунӣ бо истифода аз ин воксина аз ҳафтаи оянда имконпазир мешавад. Дар бораи дарёфти иҷозаи эмкунӣ дар Бритониё ин ду ширкати дорусозӣ дар шаҳрҳои Ню-Йорки ИМА ва Мейнси Олмон хабар доданд. Ин тасмим Бритониёро барои шурӯи ба кор бурдани воксинаи нав дар муқобили ИМА ва Иттиҳоди Аврупо пештоз мекунад. Раҳбари кулли ширкати Pfizer Алберт Боурла тасмими мақомоти бритониёиро “як лаҳзаи таърихӣ” номид. Ӯ гуфт, “Мо бо ҳамин суръати изтирорӣ пеш меравем, то ки воксинаи амн ва баландсифат дар саросари ҷаҳон дастрас шавад”. Воксинае, ки дарсади муассирият ё фоидааш 95 дарсад гуфта мешавад, умедвориҳоеро дар заминаи оддӣ шудани маҷрои зиндагии мардум бештар мекунад. То ҳол наздики 1,5 миллион аҳолии сайёра бар асари COVID-19 ҷон додаанд ва иқтисодҳои ҷаҳон ҳам аз пандемия осеби шадиде дидаанд. Ҳукумати Бритониё ҳам рӯзи 2 декабр бо пахши изҳороте тасдиқ кард, ки иҷозаи ба кор бурдани воксинаи нави ширкатҳои Pfizer-BioNTech содир шудааст.