Ҳаракати киштиҳои Русия ба маҳали сохтмони лӯлаи баҳсноки гази табиӣ дар баҳри Балтик
Киштиҳои қубуркашӣ Русия барои идомаи сохтмони лӯлаи гази табиӣ, ки ИМА ва Украина мухолиф он ҳастанд, ба маҳали сохтмон дар баҳри Балтик ҳаракат кардаанд.
Мақомоти киштиронии Олмон ба киштиронҳо машварат додаанд, ки аз 5 то 31-уми декабр аз ин минтақаи баҳри Балтик убур накунанд, чун дар он ҷо лӯла гузошта мешавад.
Бо вуҷуди таҳдиди таҳримҳо аз ҷониби ИМА Русия барои сохтмони ин лӯла талош дорад.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Берлин рӯзи 5-уми декабр аз Олмон даъват кард, ки сохтмони лӯларо қатъ кунад ва бо ишораи рӯшан нишон диҳад, ки Аврупо "дигар бадрафтории Русияро қабул надорад".
Олмон яке аз ҷонибдорони фаъоли иҷрои тарҳи "Ҷараёни шимол-2" аст.
Дар сурати амалӣ шудани тарҳи "Ҷараёни шимол-2" гази Русия тавассути баҳри Балтик то ба Олмон мерасад.
Интизор мерафт, сохтмони ду лӯла, ки иқтидори умумиашон 55 млрд метри мукааб газро дар сол дар бар мегирад, охири соли 2019 анҷом шавад, вале он муввақатан қатъ шуда буд.
Сохтмони лоиҳаро ширкати русии "Газпром" бар ӯҳда дорад ва ширкатҳои олмонии Uniper ва Wintershall, гуруҳи англисиву ҳолландии Royal Dutch Shell, ширкати фаронсавии Engie ва австрагии OMV дар ин сохтмон шариканд. Арзиши умумии сохтмон 9,5 миллиард евроро ташкил медиҳад.