Баъди истеъфои ҳукумат дар Молдова интихоботи зудраси парлумонӣ эълон шуд
Ион Кику, нахуствазири Молдова ва ҳукуматаш ба хотири мусоидат дар даъвати зудраси интихоботи парлумонӣ ба истеъфо рафт. Изҳороти Кику баъди он садо дод, ки 23 декабр бо президент Игор Додон ва раиси маҷлис Зинаида Гречаний ҷаласае барпо кард. Кику гуфт: “(Интихобот) ҳадафи муҳимест, ки барои ба зиндагии оддӣ овардани кишвар зарур мебошад”. Кику моҳи гузашта раиси ҳукумате интихоб шуд, ки аксар вазиронаш мақомдорони рӯ ба Маскави тарафдори президенти рафтаистода Игор Додон мебошанд. Қарор аст рӯзи чоршанбе дар як овоздиҳӣ ба ҳукумат адами эътимод эълон шавад.
Аввалҳои моҳи декабр дар Кишинев тахминан 20 ҳазор нафар ба нишони эътироз аз он ки назорат бар кумитаи амният аз президент ба парлумон гузашт, раҳпаймоӣ карданд. Ин иқдомро бисёриҳо ҳамчун талоши пурқувват кардани парлумон, ки бо тафовути андаке бештар аз ҷонибдорони Додон иборат аст, интиқод карданд. Қарор аст 24-уми декабр дар Молдова маросими савгандёдкунии Майя Санду, президенти мунтахаби кишвар баргузор шавад.