Дар Русия садҳо эътирозгар ба ҳимоят аз Алексей Навалний ба кӯчаҳо рехтанд
Дар Русия новобаста ба сардии шадиди ҳаво ва фишори пулис, гуруҳи бузурги эътирозгарон рӯзи 23-уми январ ба тазоҳурот баромаданд ва барои озодии Алексей Навалний мунтақиди Кремл, ки пас аз муолиҷа аз заҳри Новичок аз Олмон ба Маскав баргашт, садо баланд карданд.