Ҳушдори мақомот ва омодагиҳои охирин ба кушодани масҷидҳо дар Тоҷикистон. ВИДЕО
То замони фаъолияти масҷидҳо дар Тоҷикистон панҷ рӯзи дигар мондааст, аммо мақомот аз ҳоло гаштаву баргашта ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дари ибодатгоҳҳоро дигарбора мебанданд.