Гапи Озод: Чаро тоҷикон дар Русия якдигарро фиреб медиҳанд? ВИДЕО
![Гапи Озод: Чаро тоҷикон дар Русия якдигарро фиреб медиҳанд? ВИДЕО](https://gdb.rferl.org/13df3650-69d0-462a-8fe9-9d8c56ca9bd8_tv_w800_h450.jpg)
"Чаро тоҷикон дар Русия якдигарро фиреб медиҳанд?" Бо ҳамин суол муҳоҷирони фиребхӯрда тақрибан ҳар рӯз ба Радиои Озодӣ муроҷиат мекунанд. Шикоятҳо бештар аз миёнаравҳои тоҷик аст, ки муҳоҷиронро бо ваъдаи кору музди зиёд ба Русия мебаранд ва баъдан дасти холӣ мегузоранд.