Дар нахустин сафари хориҷиаш Ҷабборов дар Маскав бо Путин гуфтугӯ мекунад
Содир Ҷабборов дар нахустин сафари хориҷии худ дар мақоми раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Маскав сафар карда рӯзи 24 феврал бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад. Дар ин мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷорату савдо, ҳамкориҳо дар доираи созмони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, таъсири падемия ба соҳаҳои мухталифи кишвар баррасӣ мешавад. Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, сафари Ҷабборов ба Маскав то 25-уми феврал идома мекунад ва дар ин чаҳорчӯб қарор аст инчунин бо нахуствазири Русия Михаил Мишустин, раҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ва раиси Думаи давлатӣ – Вячеслав Володин дидору гуфтугӯ кунад. Ду рӯз пеш аз парвоз Ҷабборов сафири Қирғизистон дар Маскавро нав кард ва ба ин вазифа Гулнора-Клара Саматро таъин намуд.
22-юми феврал Ҷабборов бо раҳбари Чин Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт, Ҷинпин Ҷабборовро ба Пекин даъват кардааст.
Қирғизистон баъди интихоботи парлумонии моҳи октябри порсол дар як ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад. Дар авҷи эътирозҳои баъдиинтихоботӣ Ҷабборов яке аз чанд сиёсатмадори шинохта буд, ки аз зиндон озод шуд. Ӯ барои ҳодисаи одамрабоӣ дар соли 2013 ба 10 соли ҳабс маҳкум шуда буд, вале худи ӯ ин иттиҳомро қабул надорад. Президент Сооронбой Ҷеенбеков ба истеъфо рафт ва дар Қирғизистон январи имсол интихоботи нави президентӣ барпо шуд, ки Ҷабборови 52-сола барандаи он гардид. Нозирони байналмилалӣ интихоботро дар маҷмӯъ мутобиқ ба меъёрҳои бунёдӣ номиданд, ҳарчанд, ба гуфтаашон, овоздиҳӣ начандон одилона гузашт.