Як ширкати русӣ ба ҷустуҷӯйи муҳоҷирон ба Тоҷикистон омадааст. ВИДЕО
Як ширкати сохтмонии Русия ба ҷустуҷӯйи коргарон ба Тоҷикистон омадааст. Намояндагони "Техстрой" гуфтанд, барои идомаи бинокорӣ дар Маскаву минтақаҳои дигар ба нерӯи корӣ ниёз ҳаст, вале коргари кофӣ нест.