Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия ба Тоҷикистон меояд
![Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия ба Тоҷикистон меояд](https://gdb.rferl.org/e4d7e833-ba5e-442b-9759-b60eecd79f3f_cx0_cy7_cw0_w800_h450.jpg)
Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, барои иштирок дар нишасти вазирони "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" ба Тоҷикистон меояд. Нишаст рӯзи 30-юми марти имсол дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.