Русия рӯҳонии тоҷикро аз шаҳрвандӣ маҳрум ва ба Душанбе ихроҷ кард. Эшони Саиднуриддин дар озодист ё боздошт? ВИДЕО
![Русия рӯҳонии тоҷикро аз шаҳрвандӣ маҳрум ва ба Душанбе ихроҷ кард. Эшони Саиднуриддин дар озодист ё боздошт? ВИДЕО](https://gdb.rferl.org/3741129a-637d-41ec-a6b5-f7dcf2656284_w800_h450.jpg)
Мақомоти Русия шаҳрвандии як рӯҳонии тоҷикро бо иттиҳоми "комил набудани ҳуҷҷатҳо" бекор карда, ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Саиднуриддин Розиқови 60-сола, машҳур бо номи Эшони Саиднуридин, то ин вақт дар ноҳияи Режи вилояти Свердлов мезист.