Маросими дафни чанде аз қурбониёни муноқишаи марзӣ дар Исфара
![Маросими дафни чанде аз қурбониёни муноқишаи марзӣ дар Исфара](https://gdb.rferl.org/44e95c34-5e8c-467a-89c7-800d862687bd_w800_h450.jpeg)
Ҷасади ду сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфараро, ки ба қавли наздиконашон дар муноқишаи рӯзи 29-уми апрел дар марз бо Қирғизистон ҳалок шудаанд, ба хок супориданд. Маросими дафни онҳо баъд аз зуҳри 30-юми апрел баргузор шуд.