"Гӯштеро, ки аз ӯ монда буд, кафан карда дафн кардем"
Дар гӯшаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук садҳо нафар омилони ҳамлаеро маҳкум кардаанд, ки дар натиҷаи он 50 нафар ва аксаран хонандагони як мактаб дар Кобул кушта шуданд. Бомбгузорӣ рӯзи 8-уми май дар як маҳаллаи ҳазораҳо сурат гирифт.