Марҳилаи аввали мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии "Хуҷанд" ба анҷом расид
Бо се бозии даври нӯҳуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки 25-уми май баргузор шуд, марҳилаи аввали мусобиқа ба поён расид. Дар ду бозӣ меҳмонон ғолиб шуданд ва як дидор бо натиҷаи мусовӣ анҷом пазируфт.
Дар даври нӯҳум «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ аз «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. “Душанбе”-и Душанбе низ бозиро ба дастаи меҳмон - «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд - бо ҳисоби 1:2 бохт. Бозӣ миёни дастаҳои ССКА-и Душанбе ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.
Баъди натиҷагирии нӯҳ даври мусобиқа дар ҷадвал “Хуҷанд” бо 13 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. “Хатлон” ва “Файзканд” бо 12-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюму сеюм ҷойгир шудаанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ
Даври 9-ум
«Душанбе» – «Эсхата» – 1:2
Голҳо: Фарҳод Қосимов, 42 (1:0). Боҳирҷон Сангинбоев, 54 (1:1). Парвиз Алиев, 62 (1:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Боҳирҷон Сангинбоев («Эсхата»).
25-уми май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.
«Хатлон» – «Файзканд» – 0:1
Гол: Абдухалил Боронов, 41.
Беҳтарин бозигари дидор: Азимҷон Қараев («Файзканд»).
25-уми май. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2500 тамошобин.
ССКА – «Истаравшан» – 0:0
25-уми май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 1000 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
6
4
1
1
14-5
13
2
«Хатлон» (Бохтар)
8
3
3
2
9-7
12
3
«Файзканд» (Восеъ)
7
3
3
1
8-6
12
4
«Эсхата» (Хуҷанд)
8
3
2
3
13-12
11
5
«Кӯктош» (Рӯдакӣ)
8
3
2
3
10-14
11
6
«Истаравшан» (Истаравшан)
8
2
3
3
8-9
9
7
«Душанбе» (Душанбе)
8
2
3
3
13-16
9
8
«Истиқлол» (Душанбе)
3
2
1
0
4-1
7
9
«Равшан» (Кӯлоб)
6
1
2
3
5-8
5
10
ССКА (Душанбе)
8
1
2
5
6-12
5
Нишонзанҳо: Абдухалил Боронов («Файзканд») – 6 тӯб, Артём Сердюк («Хуҷанд»), Акобир Тураев («Эсхата») – 5-тӯбӣ, Люк Менҷана Леонел («Душанбе») – 4 тӯб, Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Хатлон») – 3-тӯбӣ.