Дар тани меҳмони хориҷӣ вуҷуди коронавирус тасдиқ нашуд
![Дар тани меҳмони хориҷӣ вуҷуди коронавирус тасдиқ нашуд](https://gdb.rferl.org/f5e84460-b689-4826-b8e0-76b9c4c98706_tv_w800_h450.jpg)
Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, як шаҳрванди Арабистони Саудӣ, ки бо аломатҳои шабеҳ ба COVID-19 бистарӣ шуд, гирифтории ин беморӣ набуд ва барои ҳамин ӯро ҷавоб доданд. Мансур Алӣ Қосимро чанде пеш дар шифохонаи бемориҳои сироятии Хуҷанд бистарӣ карданд ва ӯ баъди рухсатӣ шудан ба Узбекистон рафтааст.