Мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай бозии дӯстонаро бо Тайланд мусовӣ кард
![Мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай бозии дӯстонаро бо Тайланд мусовӣ кард](https://gdb.rferl.org/25a93661-d1cc-4eea-b04c-cca00a82bca0_cx21_cy19_cw78_w800_h450.jpg)
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии байналмилалии дӯстонаро бо тими миллии Тайланд бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Ин бозӣ шаби 29-уми май дар варзишгоҳи Холид Бин Муҳаммади шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид.