Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik



Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Нархҳои баланду даромади паст. Мардуми Бадахшон аз гаронии маводи хӯрокворӣ шикоят доранд

Нархҳои баланду даромади паст. Мардуми Бадахшон аз гаронии маводи хӯрокворӣ шикоят доранд

Сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал шикоят мекунанд. Мақомоти маҳаллӣ инро бо шароити объективии минтақа марбут медонанд.

Сайёра Зулфикорова муаллимаи синфҳои ибтидоии яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Хоруғ мебошад. Маоши ӯ каме бештар аз 900 сомонӣ (тақрибан 90 доллар) аст. Ӯ ду фарзанд ва шавҳари маъюб дорад, ки 400 сомонӣ нафақа мегирад.

"Пештар маош ҳам ҳамин қадар буд, аммо нархи маҳсулоти ғизоӣ пасттар буд, мо метавонистем ҳадди ақал баъзан гӯшт ва дигар маҳсулоти заруриро бихарем. Ҳоло рӯзгузаронӣ аз ин моҳ ба моҳи дигар тақрибан номумкин аст, ҳатто агар шумо барои ҳама чиз сарфа кунед", - мегӯяд ӯ. Аз маҳсулоти зарурӣ, оилаи Зулфикоровҳо, ба гуфтаи ӯ, ҳоло бештар орд, макарон, равған ва сабзавоти аз ҳама зарурӣ барои пухтани хӯрокҳои хоксоронаро мехаранд.

Сокинони ВМКБ тақрибан ҳар сол аз болоравии нархи хӯрокворӣ ва маоши паст шикоят мекунанд. Аксари хонаводаҳо, ба мисли дигар минтақаҳои кишвар, аз ҳисоби муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, ки ҳар моҳ ба онҳо миқдори муайяни пул мефиристанд. Душвориҳои аз ҳама бештар насиби хонаводаҳои кормандони давлатӣ (буҷавӣ) мебошад, ки бо маошу нафақа ё кумакпулиҳои дигар зиндагии худро пеш мебаранд.

"НАРХҲО МИСЛИ МАСКАВ, МАОШ МИСЛИ СОМАЛӢ"

Радиои Озодӣ талош кард, ки бо тоҷирони бозори марказии Хоруғ тамос гирад, то нархи маҳсулоти заруриро дар рӯзи 16-уми июн бифаҳмад.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи мусоҳибони мо, як килограм картошка 5-6 сомонӣ, сабзӣ - 10 сомонӣ, пиёз - 3 сомонӣ, помидор - 8 сомонӣ, як дона тарбуз аз 25 сомонӣ ва аз он боло, равғани 5-литра - 118 сомонӣ, як килограм гӯшти гов 60 сомонӣ, гӯшти мурғ - 35 то 38 сомонӣ, як литр шир 8 сомонӣ ва як халта орди 50-килоӣ 270 сомонӣ арзиш доранд.

Ба гуфтаи Рустам, як сокини дигари ВМКБ, ки ба наздикӣ аз муҳоҷират омадааст, нархҳо дар бозор қариб баробари нархҳои Маскав мебошанд, танҳо дар он ҷо шумо пул кор карда метавонед, вале дар ин ҷо на кор асту на замин.

"Ғайр аз он, як киловат барқ 26 дирам арзиш дорад ва вобаста ба қурби пул боз ҳам баландтар мешавад. Ҳоло дар як хонаи дуҳуҷрагӣ мо барои истифодаи барқ қариб 120 сомонӣ месупорем, дар зимистон он хеле гаронтар аст",- мегӯяд Рустам. Ба гуфтаи ӯ, қабл аз омадан ба хона, ӯ нақша дошт, ки дар Тоҷикистон кор пайдо кунаду бимонад, аммо дар чунин шароит вай инро имконнопазир мешуморад.

"СОЛ ТО СОЛ БАДТАР МЕШАВАД"

Рӯзноманигор Улфат Маъсум мегӯяд, ки шароити зист дар минтақа сол аз сол бадтар мешавад, гарчанде ки нархи ғизо дар саросари кишвар баланд аст. "Ман инро ба он рабт медиҳам, ки рақобати дурусти бозор ва қобилияти тиҷорат вуҷуд надорад. Мудирияти дуруст вуҷуд надорад. Дар ҳолати паст будани тавони харидории аҳолӣ, нархҳо бояд пасттар шаванд, аммо онҳо гаронтар мешаванд. Ғайр аз ин, ба минтақа молҳои пастсифату мӯҳлати истифодаашон гузаштаро меоранд. Ҳодисаҳои заҳролудшавӣ мавҷуданд. Аммо ман надидам, ки касе онро боздорад. Ба эҳтимоли зиёд, мақомот ё наметавонанд масъалаҳои нархро ба танзим дароранд ё намехоҳанд",-афзуд Улфат Маъсум.

Ба гуфтаи вай, вазъи иқтисодӣ ба рӯҳияи иҷтимоӣ дар ҷомеа сахт таъсир мерасонад. "Аз бонкҳо қарздорон зиёданд. Аммо онҳо қарзро пӯшонида наметавонанд. Мардум дар ҷустуҷӯи доимии пул ба дом уфтодаанд. Боварӣ ба он буд, ки ҳукумати кунунӣ иқтисоди варшикастаи минтақаро ҷобаҷо хоҳад кард, аммо вобастагии аз ҳад зиёд ба марказ, ин интизориҳоро бароварда накард",- мегӯяд мусоҳиби мо.

"ДАЛЕЛҲО ОБЪЕКТИВИАНД"

Намояндагии Кумитаи зиддиинҳисории ВМКБ мегӯяд, ки онҳо розӣ ҳастанд, ки нархи ғизо баланд аст, аммо ба гуфтаи онҳо, ин тамоюл дар саросари кишвар мушоҳида мешавад, зеро 85 дарсади маҳсулот ба кишвар аз берун оварда мешавад.

"Дар минтақаи мо аз сабаби набудани роҳҳои алтернативӣ, ҳама чиз мураккабтар мешавад. Ва барои ҳар як килограм моле, ки ба назди мо меояд, 50-60 дирам илова карда мешавад. Аз ин рӯ, он каме гаронтар мебарояд, аммо арзиши он аз дигар минтақаҳои кишвар чандон фарқ намекунад", -мегӯянд дар ин ниҳод.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мақомоти ВМКБ бо мақсади кушодани марзҳо бо Чин гуфтушунид доранд, ки аз он ҷо баъзе маҳсулоти заруриро бо нархҳои арзонтар ворид кардан мумкин аст, аммо чӣ натиҷа медиҳад, чизе гуфтан ҳоло барвақт аст.

Шароити сахти иқтисодӣ дар минтақа, ба гуфтаи коршиносон, боиси муҳоҷират кардани қисми фаъоли аҳолӣ мегардад. Бисёриҳо шаҳрвандии кишварҳои дигарро мегиранд ва барои ҳамеша аз ин ҷо мераванд. Аҳолии боқимондаи минтақа аз ҳисоби интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ва туризм зиндагӣ мекунанд. Бекорӣ дар бештари мавридҳо сабаби муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва маводи нашъовар мешавад.

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷиҳати масоҳат бузургтарин минтақаи Тоҷикистон аст. Аҳолии минтақа тақрибан 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад (панҷ дарсади аз шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон). Шумораи зиёди аҳолии Бадахшон дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд. Сатҳи камбизоатӣ дар минтақа тақрибан 40 дарсад, дар дигар минтақаҳо 20-30 дарсадро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти расмӣ, ба минтақа 2,1% (44) корхонаҳои саноатӣ ва 0,7% маҳсулоти саноатии ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии кишвар рост меояд.

Читайте на 123ru.net

Другие проекты от 123ru.net



Архангельск

АО «Транснефть - Север» оказало благотворительную помощь детскому саду в Архангельской области



VIP

Владимир Брилёв: « Гению Пушкина – 225! И он навсегда - «наше всё»!






Новости 24 часа

Социальные и ESG-проекты ГПМ Радио названы лучшими в России



Game News

Состоялся релиз The Case of the Golden Idol на iOS и Android



Москва

«Каникулы в Арктике». Москвичам предложили отправиться на Север



News Every Day

Creepy King Charles Painting Is Vandalized by Radical Animal Rights Activists, Gets a Cartoon Face and Speech Balloon!



Авто

Завершено масштабное обновление трассы М-4 Дон в Ростовской области



Москва

Наличные доллары и евро по всей России начали продавать по новым правилам



Виктор Цой

Массовое выступление гитаристов с песней Цоя «Группа крови» планируется в Чите



Москва

В Тульской области прошли ветеринарные учения из-за роста случаев сибирской язвы в ЦФО



WTA

Самсонова вышла в четвертьфинал турнира WTA в Хертогенбосе



Москва

Владимир Брилёв: « Гению Пушкина – 225! И он навсегда - «наше всё»!



Владимир Путин

Владимир Путин сенсационно получил ключевое признание от Н А Т О.



Симферополь

Музыкально-поэтический вечер «Жизнь не кончена, песня не спета»



Москва

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу



Москва

Собянин сообщил об открытии «Домиков добра» для сбора гуманитарной помощи



Москва

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу



103news.com — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 103news.com.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.

Другие популярные новости дня сегодня


Новости 24/7 Все города России





Топ 10 новостей последнего часа




Новости России

«Каникулы в Арктике». Москвичам предложили отправиться на Север

Социальные и ESG-проекты ГПМ Радио названы лучшими в России

Первый театральный фестиваль «Учитель и ученики» открылся в Ногинске

Попурри мелодий и дух патриотизма: военный оркестр в парке «Кузьминки» отметил День России


Москва

Социальные и ESG-проекты ГПМ Радио названы лучшими в России






Rss.plus

Владимир Путин сенсационно получил ключевое признание от Н А Т О.

Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Анатолий Голод: ПРИЗНАНИЕ НАТО НАДО ПРИМЕНЯТЬ!

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Свыше 5,2 миллиона жителей Московского региона получают набор социальных услуг в натуральном виде

Автопробег в честь Дня России прошел в Ленинском округе

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил об открытии «Домиков добра» для сбора гуманитарной помощи



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Ольга Туркина

PREMIER проведет фестиваль «Лето PREMIER» по всей России




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ЕВРО-2024: большой футбол ждет слушателей «Авторадио»

Площадь пожара в здании у метро «Динамо» в Москве составляет 400 квадратов

Резидент «Инсайт Люди» Дмитрий Зубов 12 июня установил мировой рекорд по чеканке мяча в «Лахта Центре»


Уимблдон

Испанский теннисист Надаль не сыграет на Уимблдоне



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Анатолий Голод: ПРИЗНАНИЕ НАТО НАДО ПРИМЕНЯТЬ!



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России