Пайвандонаш гумонбар ба қатли Алиризоро "бемори рӯҳӣ" номиданд. Ҷониби дигар аз забони ӯ чӣ шунид?
Пайвандони Зафари Насриддин, сокини ноҳияи Рашт, ки ба қатли Алиризо Худоёрови 21-сола муттаҳам аст, ӯро "мубталои бемории руҳӣ" ва ҳодисаро "тасодуфӣ" номиданд. Ҷониби дигар мариз будани гумонбарро инкор намекунанд, аммо кушторро "аз пеш тарҳрезишуда" ва кори дасти камаш панҷ нафар медонанд.