Рӯзи панҷуми ҳамлаҳо ба ҳадафҳои Толибон дар Афғонистон
Рӯзи панҷуми август Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳамлаҳо болои мавқеъҳои Толибон дар ҷануби Афғонистонро аз сар гирифтанд. Дар ҳамин ҳол Толибон дар шимоли Афғонистон боз чандин минтақаи дигарро ишғол кардаанд. Вазорати мудофиаи Афғонистон изҳор намудааст, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ дар саросари Афғонистон ва аз ҷумла вилояти Ҳилманд ҷой доштанд. Толибон талош доранд маркази вилояти Ҳилманд - шаҳри Лашкаргоҳро зери назорат гиранд. Хабаргузории Рейтерс аз қавли фармондеҳони Толибон овардааст, ки ин ҷунбиши исломӣ мехоҳад фурудгоҳҳои шаҳрҳои Ҳирот ва Қандаҳорро таҳти тасарруф дароварда, сипас ҳамлаҳо ба шаҳрҳои дигари Афғонистонро оғоз кунад. Пеш аз оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ артиши Афғонистон аз сокинони Лашкаргоҳ талаб кард, ки аз шаҳр берун шаванд.