25 ҳазору 200 сомонӣ. Нархи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон маълум шуд
![25 ҳазору 200 сомонӣ. Нархи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон маълум шуд](https://gdb.rferl.org/36FF85E9-3F67-4796-A307-FF46FA30162C_cx0_cy9_cw0_w800_h450.jpg)
Арзиши хидмати алтернативӣ дар артиши Тоҷикистонро, ки як моҳ тӯл хоҳад кашид, муайян кардаанд. Бино ба қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, нархи ин навъи хидмати сарбозӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 60 сомонӣ) аст, ки ба 25 ҳазору 200 сомонӣ баробар мебошад.