Беш аз нисфи мардони Тоҷикистон аз фишори баланди хун азият мекашанд
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, зиёда аз 700 миллион нафар дар ҷаҳон на танҳо аз фишори баланди хун азият мекашанд, балки аз ҳама гуна табобат ё маҳруманд ё машғули муолиҷа намешаванд. Бино бар ин гузориш, Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳои ҷаҳон аст, ки бемории мазкур дар он рӯ ба густариш дорад.