Туркманистон овозаҳо дар бораи ба "кома" афтодани Бердимуҳаммадовро рад кард
Сафорати Туркманистон дар Русия овозаҳо дар бораи бад шудани сиҳатии президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро рад кард.
"Иттилои бархе аз расонаҳо дар бораи он ки гӯё сиҳатии президенти Туркманистон бад шудааст, комилан беасос аст",-хабар додааст сафорат.
Овозаи бад шудани вазъи сиҳатии Бердимуҳаммадовро рӯзи сешанбе бархе аз саҳифаҳои марбут ба корбарони Русия дар паёмрасони Telegram паҳн карданд.
Рӯзи душанбеи 20 сентябр расонаҳои давлатии Туркманистон ҷаласаеро бо иштироки Бердимуҳаммадов нишон доданд.
Овозаҳо дар бораи бадшавии сиҳатии Бердимуҳаммадов борҳост, ки дар расонаҳо паҳн мешаванд. Ҳар дафъа баъди кампайдо шудани президент дар пардаи телевизион чунин овозаҳо паҳн мегарданд.
Ба ин тартиб, моҳҳои июл-августи соли 2019 Бердимуҳаммадов қариб як моҳ дар расонаҳо зоҳир нашуд ва ба ин далел дар бораи бемории вай ва ҳатто маргаш овозаҳо паҳн шуданд.