"Толибон" садои занонро дар радиоҳои Афғонистон хомӯш карданд, Муҳаммадӣ хонашин шуд. САДО
Лино Муҳаммадӣ бо номи мустаори Исро Сиррат се соли охир ҳамчун муҷрӣ ё гӯяндаи барномаҳои тафреҳӣ ва хабархони радиои маҳаллии “Барин” дар вилояти Парвони Афғонистон кор кардааст. Ин радио махсус барои духтарону бонувон барномаҳо таҳия мекард.