"Шавҳарамро баргардонед." Кумакхоҳии ҳамсари як марди тоҷик, ки дар Қирғизистон ҳукми абад гирифт. ВИДЕО
![](https://gdb.rferl.org/31d57ccb-0603-46a6-bb22-cdef584999df_w800_h450.jpg)
Ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, барои озод кардани ӯ аз президент Эмомалӣ Раҳмон ёрӣ хостааст. Наргиса Ҷабборова мегӯяд, шавҳарашро “бегуноҳ” умрбод зиндонӣ карданд. Мақомот гуфтанд, барои ӯ аз Русия вакили мудофеъ меоранд.