Вазири дифои "Толибон" куштору қасосгириҳоро эътироф, аммо манъ кард
Як намояндаи ҳукумати "Толибон" эътироф кардааст, ки бо вуҷуди афви умумӣ ҷангҷӯён дар баъзе аз минтақаҳо даст ба куштори мардум задаанд. Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он ҷангҷӯёни "Толибон" дар Панҷшеру Андароб ва Бағлон баъд аз муҳокимаи саҳроӣ мардумро мепаронанд.