Пирӯзии пешсафон дар даври 21-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон
Бозиҳои даври 21-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 25-ум ва 26-уми сентябр баргузор шуданд.
Дар бозии марказии ин давр “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар бар “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. “Истиқлол” мавқеашро дар ҷадвали мусобиқа бо 51 имтиёз дар ҷойи аввал мустаҳкамтар намуд.
“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. “Хуҷанд” бо 41 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.
Клуби марказии варзишии артиш (КМВА)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба дарвозаи тими “Душанбе” чор голи беҷавоб зад. Ҳар чор голро Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расонид. КМВА бо 33 имтиёз мавқеашро дар зинаи севум нигаҳ дошт.
“Файзканд”-и Восеъ дар сафар бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард ва аз минтақаи хатар берун шуд.
Дар бозӣ миёни дастаҳои «Хатлон» ва «Равшан»-и Кӯлоб, мизбонон – бохтариҳо - бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Бозиҳои даври 22-юми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 2-3-юми октябр баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе «Равшан» бо «Душанбе», «Кӯктош» бо «Эсхата», «Хатлон» бо «Истаравшан» ва рӯзи якшанбе «Файзканд» бо КМВА ва «Истиқлол» бо «Хуҷанд» бозӣ мекунанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 21-ум
КМВА – «Душанбе» – 4:0
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 6 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 38 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 80 (3:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 82 (4:0).
«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 4:2
Голҳо: Нодирбек Иброҳимов, 2 – ба дарвозаи худ (1:0). Нозим Бобоҷонов, 11 (2:0). Комрон Турсунов, 19 (3:0). Насимҷон Муҳаммадиев, 27 (3:1). Далер Ёдгоров, 39 (4:1). Насимҷон Муҳаммадиев, 90+1 (4:2).
«Истаравшан» – «Истиқлол» – 0:1
Гол: Алексей Ларин, 49.
«Эсхата» – «Файзканд» – 0:1
Гол: Н’Ди Лукас Кевин, 54.
«Хатлон» – «Равшан» – 2:1
Голҳо: Овусу Обед, 10 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 65 (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 90+4 (2:1).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т/Т
И
1
«Истиқлол» (Душанбе)
20
16
3
1
57-7
51
2
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
20
13
2
5
43-21
41
3
КМВА (Душанбе)
21
9
6
6
30-25
33
4
«Истаравшан» (Истаравшан)
21
8
5
8
23-22
29
5
«Хатлон» (Бохтар)
21
8
5
8
23-26
29
6
«Эсхата» (Хуҷанд)
21
8
3
10
29-35
27
7
«Равшан» (Кӯлоб)
21
5
8
8
20-26
23
8
«Файзканд» (Восеъ)
21
5
5
11
14-26
20
9
«Душанбе» (Душанбе)
21
4
6
11
21-48
18
10
«Кӯктош» (Рӯдакӣ)
21
4
5
12
26-50
17
Нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 11 гол, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 10-голӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА), Акобир Тӯраев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 9-голӣ.
Даври 22-юм
2 октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00
«Равшан» – «Душанбе»
«Кӯктош» – «Эсхата»
«Хатлон» – «Истаравшан»
3 октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00
«Файзканд» – КМВА
«Истиқлол» – «Хуҷанд»