Ҳомиёни ҷонварон мехоҳанд, сагҷанг дар Тоҷикистон бас шавад. ВИДЕО
Гуруҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи ҷонварон дар Тоҷикистон бо муроҷиат ба мақомоти баландпоя хостаанд, ки дар решакан кардани бадрафторӣ бо ҳайвонот, аз ҷумла сагҷанг, кумак кунанд. Мақомот мегӯянд, чаҳор моҳ пеш ҷазоро барои озори ҳайвонҳо сахттар карданд.