Дар давраи бемории президенти Чех аз зарурати иҷрои салоҳиятҳои ӯ сӯҳбат мешавад
![Дар давраи бемории президенти Чех аз зарурати иҷрои салоҳиятҳои ӯ сӯҳбат мешавад](https://gdb.rferl.org/995b71d5-87e9-4188-9642-d0d24ff7fae4_w800_h450.jpg)
Як мақоми Ҷумҳурии Чех гуфт, президент Милош Земан, ки беш аз як ҳафта дар шӯъби эҳёгарии як беморхонаи шаҳри Прага қарор дорад, ҳоло тавони иҷрои вазифаҳои кории худро надорад. Милош Вистричил, сухангӯи Сенати Чех ахиран дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, умеди хеле кам ҳаст, ки Земан ҳафтаҳои наздик сари кор бармегардад. Ӯ гуфт, парлумон бояд заминаҳои қонунии ин вазъиятро баррасӣ кунад, ки дар набудани президент кадом мақом метавонад салоҳиятҳои ӯро иҷро кунад. Земанро як рӯз баъди интихоботи парлумонӣ рӯзи 10-уми октябр ба беморхона интиқол доданд. Табибон гуфтанд, ки бемории президенти 77-сола ошкор нахоҳад шуд. Земан, ки ҳамчун як тамокукаши ашаддиву дӯстдори машруботи алкоҳолӣ маъруф аст, аз диабети қанд азият мешавад ва ҳафтаҳои ахир савори аробача ҳаракат мекард.