"Регар-ТадАЗ" ғолиби мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд
Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ба анҷом расид. Ин даста дар бозии даври охирин дар майдони худ тими “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷро бо ҳисоби бузурги 7:2 мағлуб кард.