Муҳоҷирон барои бунёди варзишгоҳ дар Айнӣ аз Русия 40 ҳазор $ фиристоданд, вале он нотамом монд. Чаро?
Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, барои бунёди варзишгоҳе дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз Русия беш аз 40000 доллар фиристоданд, аммо мақомоти маҳаллӣ вазифаҳои худро иҷро накарда, сохтмонро нотамом гузоштанд. Муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ бовар дорад, ки пули фиристодаи муҳоҷирон кофӣ нест.