Узбекистонро буҳрони густурдаи энержӣ таҳдид мекунад
Буҳрони энержие, ки дар Узбекистон дар ду зимистони гузашта мушоҳида мешуд, мумкин аст, зимистони имсол низ идома кунад. Сокинони Узбекистон шикоят доранд, таъмин бо барқ, ки дар давраи интихоботи президентӣ беҳтар шуда буд, бо пушти сар шудани маъракаи сиёсӣ дубора, бад шудааст.
Дар он кишвар, ки тақрибан 1 триллион метри мукааб захираи газ дорад, сокинон бо захира кардани ангишту ҳезум ба зимистони пешорӯ омода мешаванд. Як сокини 32-солаи вилояти Сурхандарёи он кишвар гуфт, баъди баргузории интихоботи президентӣ интиқол барқ ба манзилҳои онҳо маҳдуд шудааст.
"То интихобот бо барқ таъмин будем. Ҳоло ба сокинон дар шабонарӯз 10-12 соат барқ медиҳанд. Газ комилан қатъ шудааст. Дарахтонро арра мекунем ва ғизо мепазему хонаҳоро гарм мекунем", - гуфт ин ҳамсуҳбати бахши узбекии Радиои Озодӣ.
Дар вазорати энержии Узбекистон гуфтанд, "вазъи таъмини аҳолӣ бо энержӣ нисбат ба даврони ҳукумати президенти пешин Ислом Каримов беҳтар шудааст".
Бино ба иттилои расмӣ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Федератсияи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Узбекистон 8686 шикоят ворид шудааст, 1188 шикоят аз таъмини газ, 915 шикоят аз таъмини барқ ва 437 шикоят аз таъмини об иборат аст.