"Сентерра" изҳороти раиси девони вазирони Қирғизистонро шарҳ дод
Ширкати канадагии "Centerra Gold Inc." (Сентерра) изҳороти Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистонро шарҳ дода, гуфт, барои ба ҷавобгарӣ кашидани мақомоти ин кишвар талош хоҳад кард.
Дар изҳороти ширкат, ки то чанде пеш бузургтарин кони тилои Қирғизистон - "Қумтор"-ро дар ихтиёр дошт, омадааст, "Kumtor Gold Company" тобеи "Centerra Gold Inc." мемонад ва ба он тааллуқ дорад.
"Мо ҳамаи талошҳои ҳуқуқиро анҷом медиҳем, то мақомоти Қирғизистон барои ғасби кони тилои "Қумтор" ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", - гуфтаанд масъулони ширкат дар изҳороти худ.
Ҷабборов пештар гуфта буд, масъулони "Centerra Gold Inc." эътироф карданд, ки кони тилофи "Қумтор" дигар ба онҳо тааллуқ надорад.
Рӯзҳои 28 то 30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария даври аввали гуфтугӯҳои байни ҳайати Қирғизистон ва ширкати "Сентерра" дар робита ба кони тилои Қумтор баргузор шуд. Ҷониби Қирғизистон ҷузъиёти ин гуфтугӯҳоро ошкор накард.
Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати "Сентерра" ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт. Сиёсатмадорони мухолиф дар гузашта борҳо талаб карда буданд, ки кони тило миллӣ карда шавад.
Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тилои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ дар кон мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати "Сентерра" талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.
Ширкати "Сентерра" даъвои ҷониби Қирғизистонро дар бораи расонидани зарар ба муҳити зист рад мекунад. Ин ширкат ҷониби Қирғизистонро ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ кашидааст.