Дар Туркманистон наздикони муҳоҷирон аз ҳаққи хариди ғизои арзон маҳрум мешаванд
Мақомоти Туркманистон тасмим доранд, наздикони муҳоҷиронеро, ки барои кор ба кишварҳои хориҷ рафтаанд, аз ҳаққи хариди маводи ғизоӣ бо нархи давлатӣ - дастрас маҳрум кунанд. Кормандони чандин фурӯшгоҳи давлатӣ дар шарқи Туркманистон аллакай дар ин бора огаҳинома гирифтаанд.
Ба гуфтаи онҳо, эҳтимол аст, наздикони маҳбусон ва шахсони бешаҳрвандӣ низ аз ҳаққи хариди меъёри рӯзонаи маводи ғизоӣ бо нархи давлатӣ, ки назар ба бозор арзонтар аст, маҳрум шаванд.
Аз имтиёзи хариди маводи ғизоӣ бо нархи давлатӣ минбаъд онҳое бархурдор хоҳанд буд, ки як узви оилаашон дар хидматӣ ҳарбӣ ё собиқадор аст. Ба ҷуз ин, муштариён бояд пули хадамоти коммуналиро супорида бошанд.
Буҳрони иқтисодие, ки панҷ сол мешавад, дар Туркманистон идома дорад, норасоии маҳсулоти ғизоиро низ дар он кишвар ба миён овардааст.
Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон, ки назар ба бозорҳо маҳсулотро арзонтар пешниҳод мекунанд, реҷаи фурӯши миқдори муайяни маҳсулоти ғизоӣ ба ҳар як муштариро роҳандозӣ кардаанд.