Ширкати дӯст ва хоҳарзодаи Путин VK-ро аз Алишер Усмонов харид
Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русия саҳмияҳои ширкати VK (Mail.ru Group-и пешин)-ро ба ширкати "СОГАЗ" фурӯхт.
Соҳибони "СОГАЗ" - дӯсти Владимир Путин Юрий Ковалчук ва хонаводаи вай, хоҳарзодаи Путин Михаил Шеломов ҳастанд.
VK бузургтарин шабакаҳои иҷтимоии Русия "ВКонтакте", "Одноклассники", паёмрасони mail.ru ва чанд хидматрасонии дигарро дар ихтиёр дорад. Арзиши ширкат бештар аз 4,5 миллиард доллар тахмин зада мешавад. Аммо қимати ин хариду фурӯш ошкор нашудааст.
Дар соли 2020 VK, ки он замон Mail.ru group ном дошт, бино ба баҳогузории маҷаллаи Форбс, дар байни бузургтарин ширкатҳои Русия дар мақоми чаҳорум қарор гирифта буд.