Муаллим гуфт, "ба сару рӯ ва дасту поям заданд". Ду даъво дар бораи як ҳодиса дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. ВИДЕО
Баъди он ки, ба иддаои сокинони деҳаи Сомониёни Исфара, як омӯзгори 59-сола аз тарафи баъзе аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон латукӯб шудааст, хонандагону муаллимон ба мактаб нарафтаанд.