Байден ва Путин онлайнӣ суҳбат мекунанд
Рузи сешанбе президенти ИМА Ҷо Байден бо раҳбари Русия Владимир Путин ташаннуҷ дар робита бо таҷаммуи нерӯҳои Русия дар марзи Украина, дурнамои паймони НАТО дар минтақа ва тақозоҳои амниятии Русияро баррасӣ мекунад. Суҳбати Байден ва Путин маҷозӣ ё онлайнӣ доир мешавад. Ин дувумин дидори рӯ бар рӯи раҳбарони ду кишвар аз замони сари қудрат омадани Байден дар моҳи январи соли равон аст. Тибқи изҳороти Қасри Сафед, дар арафаи ин суҳбат президенти ИМА бо ҳампаймонҳои кишвараш -- Британия, Фаронса, Италия ва Олмон машварат кард. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ИМА аз истиқлолият ва тамомияти арзии Украина пуштибонӣ намуда, ҷонибдори коҳиши таниш дар минтақа аст. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Маскав ба марзи Украина ва нимҷазираи Қрим, ки дар соли 2014-ум аз тарафи Русия ишғол шудааст, беш аз 150 ҳазор афсару сарбозро сафарбар кардааст.