"Тоҷиктелеком" дигар нашуд, сустии Интернет ҳам. Душанбе тавсияи Бонки Ҷаҳониро "нашунид"? ВИДЕО, ХАРИТА
Тоҷикистон тавсияи Бонки Ҷаҳониро, ки ҳафт моҳ пеш хоста буд, “Тоҷиктелеком"-ро аз тобеияти Хадамоти алоқа берун биорад, иҷро накардааст. Ҳоло “Тоҷиктелеком” ягона ширкати дастраскунандаи Интернет дар кишвар аст. Чунин вазъ боиси аз байн рафтани рақобат ва монеи рушди бозори мухобирот шудааст.