Олимони Африқои Ҷанубӣ мегӯянд, Омикрон чандон хатарнок нест
Донишмандони Африқои Ҷанубӣ мегӯянд, ҳеч аломате надидаанд, ки нишон бидиҳад, навъи коронавируси нав бо номи Омикрон бемории сахти COVID-19 бармеангезад. Ин навъи тағйирёфтаи вирусро ду ҳафта пеш дар ҳамин кишвар пайдо карданд.