Яке аз раҳбарони мухолифини Белорус ва 5 тани дигар аз 14 то 18 сол ҳукм гирифтанд
Додгоҳе дар Белорус гурӯҳе аз блогнависон, фаъолони мухолифин ва ҳамсари Светлана Тихоновская, раҳбари мухолифини он кишварро ба зиндон маҳкум кард. Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ин ҳукмҳои вазнинро маҳкум карданд.