Эътирози ронандагони мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" дар Қазоқистон
![Эътирози ронандагони мошинҳои](https://gdb.rferl.org/1bcf0000-0aff-0242-2c15-08d9c51424ae_w800_h450.jpeg)
Даҳҳо ронандаи мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон 22 декабр талаб карданд, ки маоши онҳо дасти кам то 150 ҳазор танга (тақрибан 340 доллари амрикоӣ) боло бурда шавад.
Ҳудуди 70 ронандае, ки субҳи дирӯз дар назди беморхонаи шаҳр ҷамъ шуда буданд, натанҳо аз кам будани маош, балки таъхир дар пардохти иловапулиҳои ба истилоҳ, "коронавирусӣ" низ шикоят карданд.
"Вақте ман ба кор даромадам, маоши ман 70 ҳазор танга буд ва ҳоло бо гузашти 7 сол он ҳанӯз ҳам 70 ҳазор аст. Дар ҳоле ки нархи маҳсулот рӯз то рӯз гаронтар мешавад. Ҳамаи мо аз бонк қарздор ҳастем ва талаби мо ҳамин аст, ки маошро зиёд кунанд", - гуфт ронанда Айдар Бегимбетов.
Сардухтури беморхона Гулнор Курманбекова аз ронандагон хост, сарусадо накунанд ва пароканда шаванд. Ӯ гуфт, аз аввали соли оянда маоши ронандагон то ба 92 ҳазор танга боло бурда мешавад. Вале ин посухи сардухтур ронандагонро қонеъ накард. Онҳо таҳдид карданд, ки агар талабашон иҷро нашавад, дастаҷамъона корро тарк мекунанд.