Наздикони Гулбиддин аз навори видеоӣ саҳнаи куштори писарашонро шинохтанд
Пайвандони Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони кушташуда дар як амалиёти нирӯҳои интизомии ВМКБ мегӯянд, навори видеоие, ки ахиран дар шабакаи YouTube нашр шуд, ҳақиқати лаҳзаи захмию боздошти Гулбиддинро аз тарафи кормандони интизомӣ нишон медиҳад.