Хадамот гуфт, билетфурӯшӣ монополия нест, аммо барои поин овардани нарх дасташ кӯтоҳ аст. ВИДЕО
Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтанд, барои танзими нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия, дасташон баста аст. Дар як моҳи охир нархи билет аз Тоҷикистон ба Русия якбора боло рафт ва боиси ташвиши мусофирон шуд.