Нишасти изтирории Маҷмаи кулли СММ ва талаби хатми ҷанг дар Украина
Сафирони даҳҳо кишварҳо аз қатъномаи СММ пуштибонӣ карданд, ки, тибқи гузоришҳо, аз Русия талаб мекунад, ки ҷанги Украинаро билофосила бас карда нирӯҳояшро аз ин кишвар берун кунад ва ҳам билофосила аз паи ҳалли сулҳомези қазия шавад. Ҷаласаи Маҷмаи кулли СММ, ки 28 феврал шурӯъ шуд, дар 20 соли охир аввалин бор ба таври изтирорӣ ва дар таърихи 77-солаи СММ бори ҳафтум аст, ки барпо мешавад.
Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ баъди ин ҷаласа гуфт, ки “ҷанг дар Украина бояд хотима ёбад” ва ҳушдор дод, ки ҷанги хунин ним миллион украиниро дарбадар кард ва ин ҳама барои ҷаҳон паёмадҳои сахте хоҳад дошт.
Гутерреш гуфт: “Бас аст. Сарбозон бояд ба қароргоҳҳои худ баргарданд. Раҳбарон бояд ба самти сулҳ ҳаракат кунанд. Мардуми мулкӣ бояд ҳимоят шаванд”.
Серҳей Кислитса, сафири Украина гуфт, “агар Украина наҷот наёбад... сулҳи байналмилалӣ ҳам наҷот намеёбад”.
Кислитса афзуд: “Хаёлпарастӣ накунед”. Ӯ афзуд, “Агар баъди ин демократия ҳам шикаст хӯрд, мо набояд ҳайрон шавем”.
Ҳафтаи ҷорӣ, баъди ҳуҷуми Русия ба Украина айни чунин қатъномае, ки дар Шӯрои амнияти Русия бо ҳадафи маҳкум кардани Маскав баррасӣ шуд, аз ҷониби Русия вето гардид. Русия мегӯяд, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи рустаборҳои минтақаи шарқи Украина “амалиёти вижаи низомӣ”-ро ба роҳ мемонад.