"Сурхакони маймун". Тасдиқи гирифторӣ ба як вируси "нав" дар чанд кишвари ҷаҳон
Табибон дар Аврупо ва Амрико мавридҳои гирифторӣ ба як вируси нодир ба номи "сурхакони маймун"-ро, ки дар Африқо бештар паҳн шудааст, тасдиқ карданд. Таби баланду дард, варами дасту пой ва обилаи рӯйи бадан аз нишонаҳои гирифторӣ ба ин навъи вирус гуфта мешавад.