"Аҳолии Тоҷикистон дар моҳи август ба 10 миллион нафар мерасад"
Моҳи августи имсол Тоҷикистонро хушхабаре дар пеш аст. Шаҳрванди 10-миллионуми кишвар ба дунё хоҳад омад. Дар ҳоле ки иддае аз афзоиши аҳолӣ ва ҳамин тавр мушкили иҷтимоӣ ба мисли нарасидани замину хона ташвиш доранд, мақомот мегӯянд, солҳои охир суръати афзоиши аҳолӣ кам ва оилаҳо хурдтар мешаванд.