"Айфон" дар Тоҷикистон дӯстдорони зиёд, аммо харидорони кам доштааст. Чаро? ВИДЕО
Аз тавлиди нахустин “Айфон”, ки дар Тоҷикистон ҳам дӯстдорони зиёд дорад, 15 сол гузашт. Доштани ин телефонро бисёриҳо орзу мекунанду тавлиди навтарин навъашро интизор мешаванд. Барои гурӯҳе дар Тоҷикистон ҳам доштани абзорҳои “Apple”, аз ҷумла “Айфон” мояи ифтихор аст, аммо на ҳама онро мехаранд.