Дар Дарвоз ҷасади як низомипӯшро ёфтаанд
Дар Дарвози Афғонистон ва аз канори дарёи Панҷ субҳи 6-уми июл ҷасади шахсеро ёфтаанд, ки ба тан либоси низомии тоҷикӣ дошта, дар қафаси синааш захми се тир будааст. Дар идораи ҳолатҳои фавқулода дар Дарвози Тоҷикистон хабарро тасдиқ карда, вале гуфтанд, дар бораи шахсияти ӯ маълумот надоранд.