Баҳси "ҳамл" ва "хариди хона". Чаро котибаи додраси тоҷикро боздошт карданд? ВИДЕО
Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси боздоштшудаи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дастгир ва ба қаллобӣ гумонбар шудааст. Мақомот шарҳе намедиҳанд. Пайвандонаш иддао доранд, ки аз ӯ ба зидди додрас истифода хоҳад шуд.