Узбекистон қатъи интернет дар Қароқалпоқистонро шарҳ дод
Вазорати умури хориҷии Узбекистон гуфтааст, Интернет дар Қароқалпоқистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии "хабарҳои дуруғ" ва "ҷалби шаҳрвандон ба фаъолиятҳои зиддиконститутсионӣ" муваққатан қатъ карда шудааст.
Ин ниҳод дар изҳороти худ гуфтааст, хабарҳое беасос паҳн мешаванд, ки ҳукумати Узбекистон гӯё барои "пароканда кардани гирдиҳамоии осоишта", "хомӯш кардани садои мустақил ва бастани иттилоот" вазъи фавқулода эълом карда, ғайриқонунӣ аз нерӯ истифода кардааст.
Вазорати умури хориҷии Узбекистон ҳодисаҳои рӯзҳои 1 ва 2 июл дар дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистонро "кӯшиши ба ҳам задани сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ ва ягонагии он кишвар" номидааст.
"Гуруҳи ҷинояткорон бо баҳонаи эътироз бар зидди пешниҳодҳо ба тағйири Конститутсияи Узбекистон амалҳои зуроварӣ ва задухӯрдҳо ташкил карда, кушиши ғасби биноҳои давлатиро намуданд", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Беназмиҳо дар Қароқалпоқистон баъди он сурат гирифт, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд.
Бар асоси он, “мустақилӣ”-и Ҷумҳурии мухтор аз байн рафтааст. Дертар ва баъди тазоҳуроти хунин порлумони Узбекистон гуфт, мақоми мухтори Қароқалпоқистон нигоҳ дошта хоҳад шуд.