Вакилони аврупоӣ саркӯби тазоҳуротро дар Бадахшон сахт маҳкум карданд
Порлумони Аврупо аз талафот дар ҷараёни тазоҳурот дар Бадахшон ибрози таассуф карда, ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби хушунатбори эътирозгарон, хабарнигорон ва дигар фаъолони маданӣ маҳкум кардааст.