Мирзиёев ҳодисаҳои Нуқусро кори "неруҳои бадхоҳи хориҷӣ" номид
Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар шарҳи эътирозҳо ба бекор кардани мақоми "мухтор"-и Ҷумҳурии Қароқалпоқистони кишвараш гуфт, "ин амалҳо солҳо боз аз ҷониби нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ омода шудаанд." Вале аз кадом гуруҳ ё кишвари хориҷие ном набурд.